Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон


Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти муштараки палатаҳои болоӣ ва поёнии порлумони Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки бори аввал пас аз бӯҳрони бесобиқаи энержӣ дар зимистони имсол пайёми солонаашро ба порлумон ироа кард, аз мақомоти расмӣ хост, то нишондиҳандаҳои барномаҳои рушди макроиқтисодии кишварро бознигарӣ кунанд, зеро ба ҳукумат иҷрои онҳо муяссар нахоҳад шуд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, зимистони қаҳратун ва бӯҳрони бесобиқаи энержӣ ба иқтисоди ин кишвар тақрибан 3 миллиард сомонӣ ё ҳудуди 900 миллион доллар зиён расонидааст.
XS
SM
MD
LG