Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш: ташкили давлати Фаластин амри зарурист


Ариэл Шарон, Ҷорҷ Буш ва Маҳмуд Аббос

Ариэл Шарон, Ҷорҷ Буш ва Маҳмуд Аббос

Раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш гуфтааст, ки ташкили давлати фаластинӣ маъмурияти аввалиндараҷаи ҳукуматаш мебошад.

Ин нуктаро ӯ дар мулоқоташ бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ироъа намуд.
Ба фикри Буш, кишваре, ки таъсис хоҳад шуд, “набояд мисли панири швейтсарӣ сурохиҳо дошта бошад”. Дар давоми суҳбат сарвари Амрико ошкоро маҳаллаҳои яҳудинишинро зикр накард, аммо аз суханонаш маълум буд мавқеъи ӯ ин аст, ки давлати Фаластинӣ бояд яклухт ва дар тафовут аз он панири машҳури аврупоӣ холигиҳо надошта бошад.

Ҷорҷ Буш ҳамчунин таъкид кард, ки муҳим аст давлати Фаластини дар асоси ин меъёрҳо таъсис шавад. Ӯ хабар дод, ки моҳи ноябр барои ширкат дар кори Конфронси сулҳ ба Ховари миёна сафар хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол Маҳмуд Аббос ва нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт дар ин конфронс низ иштирок мекунанд. Буш изҳор кард: “Ман мутмаъинам, ки дар мавриди таърифи давлати Фаластин мо метавонем ба тавофуқ расем. Ман инчунин мутмаъинам, ки барои расидан ба созиш мо бояд заҳмат кашем. Барои анҷоми ин кор ман ба Ховари миёна хоҳам рафт ва бо шумо дар онҷо вомехурам”.
Раҳбари Амрико ғайримустақим дар бораи ҷумбиши исломгарои Ҳамос, ки ҳоло Навори Ғаззаро таҳти идораи худ дорад, зикр кард ва гуфт дар мавриди маҳалҳои яҳудинишин танҳо Маҳмуд Аббос ва ҷунбиши тарафдораш “Фатҳ” тавонистаанд бо Исроил вориди музокирот шаванд. Раисҷумҳури ИМА афзуд: “Ман бовар дорам раҳбарияте ки мехоҳад давлати Фаластинро бунёд кунад ҳам ба манфиъати Исроил ва ҳам мардуми фаластин мебошад”.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмуд Аббос зимни зикри заҳмати сарвари Амрико барои овардани сулҳ ба минтақа изҳори боварӣ намуд, ки то ба поён расидани муҳлати ҳукуматдории Ҷорҷ Буш ҷонибҳо ба тавофуқ мерасанд: “Мо инчунин бовар дорем, ки барои баргузории музокироти ҷиддӣ ва расидан ба сулҳе, ки ҳарду ҷониб, мардуми Фаластин ва Исроилро қаноъатманд кунад, сулҳе, ки тамоми ҷаҳон онро дастгирӣ хоҳад кард, мо тамоми кӯшишамонро ба харҷ хоҳем дод”.
Аббос, аз ҷумла, гуфт: “Пешниҳоди ин кишварҳои исломӣ ошкоранд: истиқрори сулҳ танҳо дар мавриди хориҷшавии Исроил аз минтақаҳои забтшудаи кишварҳои араб ва Фаластин имконпазир аст. Агар ин шартҳо иҷро шаванд, ман боварии комил дорам, ки беш аз 57 мамолики араб равобиташонро бо Исроил барқарор мекунанд”.
Раҳбари фаластиниҳо афзуд, роҳи сулҳ на бо гулҳо балки бо мониъаҳои сиёсӣ ороиш дода шудааст, вале, бо вуҷуди ин, ӯ ва намояндагонаш барои расидан ба ин ҳадаф дар музокирот тамоми кӯшишашонро ба харҷ хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG