Пайвандҳои дастрасӣ

Радиои "Имрӯз" дубора садо хоҳад дод


Тибқи хабарҳо қарор аст, аз имрӯз пахши барномаҳои радиои "Имрӯз" дар Тоҷикистон аз сар гирифта шавад. Раиси ширкати "Ориёно-медиа" Рустами Ҷонӣ ба хабаргузории Азия-Плюс гуфтааст, мушкилоти фанние, ки сабаби қатъи барнома шуда буд, бартараф гаштааст. Қаблан раҳбарони радио қатъи пахши барномаҳоро ба фишори бархе аз мақомоти давлат бастагӣ медоданд. Аммо сарони "Тоҷиктелерадиоком" мегуфтанд, дар пахши барномаҳо мушкили фаннӣ пеш омадааст. Барномаҳои радиои "Имрӯз" аз 8-уми апрели соли равон қатъ шудаанд.
XS
SM
MD
LG