Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сипоси Душанбе ба Алҷазоир


Бунгоҳи иттилоотии «Маркетинг и консалтинг»-и Русия дар матлабе таҳти унвони «Ташаккури Душанбе ба кӯмаки Алҷазоир» мушкилоти зимистони гузашта ва кӯмаки байнулмилал ба Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашида, навиштааст, бо он вуҷуд ки қурбониёни ин бӯҳрони башарӣ дар қиёс бо Афғонистон дар Тоҷикистон кам буданд, зимистон айбу нуқсони ҳукумати ин кишварро рӯйи об баровардааст. Нашрия менависад, қудрати ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар изҳорот вуҷуд дошт, амалан чизе барои рафъи мушкили мардум карда натавонист. Гузашта аз ин, кӯмакҳои миллиондоллараи ҷомеаи байнулмилалро мақомоти кишвар ба манбаи даромади худ табдил доданд. Аз ҷумла, 11 март дар фурудгоҳи Душанбе мақомот барои нишасти ҳавопаймои Алҷазоир, ки ҳомили кӯмаки башарӣ ба Тоҷикистон буд, 6 ҳазор доллар ва барои транзиташ 176 ҳазор доллар талаб карданд.

Сомонаи русии интернетӣ мавсум ба Политком.ру менависад, барои эътидоли иқтисодии Тоҷикистон на фақат Афғонистони ноамн, балки мушкилоти дигари минтақа, аз ҷумла камбуди об низ монеа эҷод мекунанд. Сомона навиштааст, тайи 20 – 25 соли оянда ҷангҳо барои об ҷойгузини ҷангҳо барои захираи табиӣ хоҳанд шуд. Муаллифи матлаб менависад, дар замони Шӯравӣ Маскав як мувозинат миёни Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбакистони аз захираҳои табиӣ бой ва Тоҷикистону Қирғизистони серобро нигаҳ медошт. Ҳоло ин ду кишвар намехоҳанд, ки обашонро маҷҷонӣ ба ҳамсоягонашон диҳанд. Аз ин хотир, менависад сомона, дар мадди аввал қарор гирифтани мушкили об дар Осиёи Марказӣ аз эҳтимол дур нест.

Сомонаи дигари интернетии Русия мавсум ба «Арба.ру» дар матлабе таҳти унвони «Чаро бештар аз нисфи муҳоҷирини корӣ забони русиро намедонанд?» навиштааст, Маскав ҷиҳати омӯзиши забони русӣ барои муҳоҷирини меҳнатӣ шароит фароҳам наовардааст. Муаллифи ин матлаб менависад, соли 2006 мақомот қарор карда буданд, ки дар ҳар вилоят як мактаби бепули омӯзиши забони русӣ бунёд кунанд, аммо ҳоло танҳо ду мактаб дар Маскав фаъоланд. Сомона овардааст, дар яке аз ин ду мактаб ҳудуди 50 муҳоҷир аз Афғонистон, Қирғизистон, Эрон, Сомали ва Озарбойҷон таҳсил мекунанд, аммо аз Тоҷикистон касе нест».

Ҳафтаномаи русии «Завтра» менависад, Маскав соли 1989 Аврупои Шарқиро ба Вашингтон дод ва ҳоло Осиёи Марказиро ба Чин медиҳад. Муаллифи матлаб навиштааст, Русия равобиташро бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ шахсӣ кардааст ва пуштибонӣ аз режимҳое мекунад, ки авторитарӣ ҳастанд, дар ҳоле ки Маскав бояд пуштибонии мардуми ин кишварҳоро ба даст орад ва барои беҳбуди рӯзгори онҳо бикӯшад. Ҳафтанома менависад, Русия агар бозидани нақши падархонди режимҳоро идома диҳад, мавқеи геополитикии худро заъиф хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG