Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ аз "Феҳрасти душманони Русия"


Гурӯҳе аз ҳомиёни саршиноси ҳуқуқи инсон дар Русия аз мақомоти ин кишвар талаб карданд, зуҳури маълумоти шахсии онҳоро дар интернет зери унвони "Душманони халқи рус" таҳқиқ кунанд. Анна Гербер, раиси созмони зиддифошистии Бунёди Ҳолокост, гуфт, нашри шумораи шиноснома, суроғаи манзил, шумораи телефон ва маълумоти дигари хусусии ӯ ва дигар фаъолони ҳуқуқи инсон дар интернет як таҳдиде ба ҳаёти онҳост. Рӯйихатти мазкур дар сомонаи интернетии ростгароёни шадид ҳамчун таҷлили иди 9-уми май, Рӯзи ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони нотсистӣ ба нашр расидааст.
XS
SM
MD
LG