Сарвазири Ироқ гуфт, талошҳои оштии миллӣ комёб шуда, ҳамаи эътилофҳои сиёсӣ розӣ шуданд, ба ҳайати ҳукумати таҳти назорати шиъаҳо баргарданд. Як ҳафта пеш аз ин изҳороти Нурӣ ал-Моликӣ эътилофи асосии сунниҳои Ироқ эълон карда буд, ки усулан ба ҳамкорӣ дар ҳукумати шиъаҳо мухолифат надорад. Ин эътилоф ширкаташ дар ҳукумати Ироқро нуҳ моҳ пеш қатъ карда буд.