Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Кореяи Шимолиро дар "кӯмак"-и ҳастаӣ ба Сурия айбдор кард


Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, мутмаъин аст, ки Кореяи Шимолӣ ба Сурия дар бунёди реактори махфии ҳастаии ғайриосоишта кӯмак кардааст. Кохи Сафед ин ҳолро як "таҳаввули хатарнок ва нооромкунандаи субот дар ҷаҳон" унвон кард. Сафири Сурия Имод Мустафо ин хабарро рад кард ва онро як "хаёлбофӣ" номид. Изҳороти Кохи Сафед пас аз гузориши афсарони иктишофӣ ба қонунгузорони амрикоӣ дар бораи иншооти ҳастаии Сурия садо дод, ки Исроил соли гузашта онро тахриб карда буд.
XS
SM
MD
LG