Пайвандҳои дастрасӣ

Ожонсии мубориза бар зидди фасоди назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар сохторҳои давлатии кишвар 258 санҷиши молиявӣ гузаронида, 21 миллион сомонӣ маблағи дуздишуда ва пинҳонкардаи мақомотро ошкор кардааст.

Шерхон Салимзода, раиси Ожонсии мубориза бо фасод, мегӯяд ба ин ҷиноятҳо вазирон ва роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ даст дошта, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Оқои Салимзода, мегӯяд, феълан даст доштани роҳбарияти ширкатҳои давлатии «Барқи тоҷик» ва «Тоҷикгаз», вазорати тандурустӣ, ҷамъияти саҳомии «Телерадиоком»-и Кумитаи радио ва телевизиони ҳукумати Тоҷикистон ба фасоди молӣ, ошкор шудааст ва феълан тафтишот нисбат ба онҳо идома дорад.
Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «21 миллион сомонӣ, зарари моллиявӣ ошкор карда шуд ва ин асосан дар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, ки вазир дар инҷо ҷавобгар аст, албатта муовини вазир ҷавобгар аст, роҳбарони сохторҳои ин вазоратҳо ҷавобгаранд, ошкор кардани ҳамин омилҳо дар ин вазоратҳо, худ ҷавобгарии ҳамин шахсони мансабдор аст. Ва тавре шумо медонед, нисбат ба бисёрии онҳо чораҳо андешида шуд».
Оқои Салимзода, дуздии Н. Ҷӯраев, директори кулли ҷамъияти саҳомии «Химзавод»-ро мисол овард, ки 35 миллион сомониро моли худ кардаааст. Вай аз шарҳи ҷурмҳои роҳбарияти ширкатҳои давлатии «Барқи тоҷик» ва «Тоҷикгаз», бо сабаби он, ки тафтишоти парвандаи ин ширкатҳо идома дорад, худдорӣ варзид.Аммо ба гузориши созмони Шаффофияти байнулмилалӣ («Транспаренси Интенешнл») ки ахиран ба нашр расидааст, вазъи ахири Тоҷикисон нишон медиҳад ки идораҳои давлатӣ ҳачунон олуда ба ришвату фасод боқӣ мондаанд.
Шокирҷони Ҳаким, коршиноси масоили ҳуқуқ, мегӯяд, бо таъсиси ҳамчунин як ожонсӣ ҳукумати Тоҷикистон хостааст ба ҷомиъаи ҷаҳонӣ нишон диҳад, ки ҷиддан бо фасод мубориза бурда истодааст, аммо, аслан, мубориза дар сатҳи хеле поин қарор дорад.
Ба қавли оқои Ҳаким чунин ҳолат фаъолияти оҷонсии мубориза бо фасодро таҳти суъол қарор медиҳад: «Бояд бештар дар фаъолияти мақомоти судӣ маъмурияти дастгоҳи раисҷумҳур, вакилони зинаҳои мухзталифи мақомоти маҳалӣ ва соҳибкорон таваҷӯҳ зоҳир менамуданд, чунки фасод асосман дар хамин ниҳодҳое, ки ман номбар кардам ҷой доранд. Ва гузашта аз ин то даврае, ки ҳамин сохтор таъсис ёфт, ва вазифаи он ба салоҳияти мақомоти додситонӣ,амният ва умури дохила мансуб буд, ҳаҷми боздошти ҷиноятҳои иқтисодӣ бештар буд. Хуб мешуд, ки ин сохторро аз байн баранд ва салоҳияти онро тавре ки қаблан ба мақомоти марбута диҳанд».
Коршиносон мегӯянд, аслан худи давлати Тоҷикистон барои рушди фасод дар кишвар замина мегузорад. Дӯстмуҳамади Дӯст, коршиноси мустақил мегӯяд, фаъъолияти ниҳодҳои давлатӣ дуруст тафтиш намешавад ва давлат ба шаҳрвандон маъоши кам медиҳад, ки ин ба рушди фасод боъис мешавад: «Дар кишваре мисли Тоҷикистон бовар намекунам, ки ҳеҷ гоҳ пешгирии фасоди молӣ амалӣ шавад. Ба он хотир, ки маъоши кормандони соҳаи буҷавии мамлакат дар сатҳи хеле поин қарор дорад. Модоме, ки аз вазир то корманди илмию то муаллими мактаб маоши кам мегиранд, фасод тамоми ҷомеаро печонида мегирад. Ва ҳеҷ гуна созмон додани як ниҳоди давлатӣ, ки алайҳи фасод мубориза кунад, пеши онро гирифта наметавонад, ин ғайриимкон аст. Мо ахборе дар даст дорем, ки фақат чанд корманди милисаро боздошт кардаанду чанд муалиби мактабро. Аммо дар вазоратҳо, ки ин ба ҳадди ифрот расидааст, то кунун касеро боздошт накардаанд».
Коршиносон бар онанд, ки Ожонсии мубориза бо фасод, бояд ҷиҳати мубориза бо фасод аз тадбирҳои муассир кор бигирад, то ба коҳиши он дар сатҳи давлатӣ дастёб шавад.
XS
SM
MD
LG