Пайвандҳои дастрасӣ

Талошу муқобила алайҳи иттиҳоди нав дар минтақа


Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев

Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, ба пешниҳоди раҳбари Қазоқистон ҷиҳати таъсиси Иттиҳоди кишварҳои Осиёи марказӣ мухолифат кард.

Нурсултон Назарбоев, ки чанд соли ахир барои қаробати бештари кишварҳои собиқ шӯравии минтақа талош дорад, мавзӯъи таъсиси Иттиҳоди кишварҳои Осиёи марказиро зимни музокирот бо раисиҷумҳури Узбакистон дар Остона ба миён гузошт. Ва аммо Ислом Каримов бо ишора ба талошҳои қаблии нокоми муттаҳид кардани Осиёи марказӣ ширкати кишвараш дар ин гуна иттиҳодро рад кард.
Ба гуфтаи коршиносон, воқиъан ҳам талошҳои қаробати бештари панҷ кишвари Осиёи марказӣ то имрӯз бидуни натиҷа поён ёфтаанд, ҳарчанд сарони ин кишварҳо аз минбарҳои баланд дар бораи “дӯстии абадии миллатҳои минтақа” ҳарф мезананд. Гуфта мешавад, ки ин кишварҳо айёми шӯравӣ бо ҳам бештар наздик буданд, зеро бо вуҷуди эъломи баробариву бародарӣ Маскав онҳоро ҷумҳуриҳои дувумдараҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ мехонд.
Айёме, ки Иттиҳоди Шӯравӣ суқут кард, нафаре аз раҳбарони вақти минтақа дар бахши сиёсати хориҷӣ таҷрибаи кофӣ надоштанд ва аммо бояд сиёсати дохиливу берунии кишварҳои худро мушаххас мекарданд. Қазоқистон ва Узбакистон аввалин кишварҳои минтақа буданд, ки дар роҳи таъсиси иттиҳодии нав қадам гузоштанд. Соли 1993 ду кишвар Иттиҳоди иқтисодиро таъсис карданд, ки баъд аз як сол Қирғизистон низ ба он ҳамроҳ шуд ва ин ниҳод Иттиҳоди иқтисодии Осиёи марказӣ ном гирифт. Соли 1998 Тоҷикистон ба ин созмон пайваст ва номашро ба Ҷомиъаи иқтисодии Осиёи иарказӣ табдил карданд. Баъд аз чаҳор сол ин ниҳод боз тағйири ном кард ва акнун онро Созмони ҳамкориҳои Осиёи марказӣ мехонданд.
Соли 2004-ум Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, талошҳои дубора ба канори Маскав баргардонидани кишварҳои Осиёи марказиро аз сар гирифт, зеро се кишвари минтақа – Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон – аллакай ба хотири кумак дар мубориза бо терроризм дар Афғонистон низомиёни амрикоӣ ба NАТО-ро дар қаламрави худ ҷой дода буданд. Ҳамон сол Путин дар нишасти раҳбарони Созмони ҳамкориҳои Осиёи марказӣ дар шаҳри Душанбе ширкат кард ва кишварҳои минтақа Русияро низ ба узвияти созмон пазируфтанд. Зимнан, ин ниҳод ҳоло Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё ном дорад.
И. Каримов дар нишасти хабарӣ дар Остона ҳамчунин аз дигар кишвари минтақа –Туркманистон ёдовар шуд, ки то ҳанӯз ба ягон иттиҳоди минтақавӣ шомил нашудааст ва гумон аст аз таъсиси Иттиҳоди кишварҳои Осиёи марказӣ ҳам пуштибонӣ кунад.
Ва аммо далели аслии мухолифати сарвари Узбакистон ба таъсиси Иттиҳоди кишварҳои Осиёи марказӣ чист? Коршиносон мегӯянд, ки ин мухолифат бештар аз рақобати ӯ бо раҳбари Қазоқистон Н. Назарбоев маншаъ мегирад. Баъд аз суқути Шӯравӣ ӯ ва Назарбоев талош мекарданд, ки дар минтақа аз нуфузи бештар бархӯрдор бошанд.
Ҳоло Қазоқистон тавассути истифода аз захоири бойи энержияш ба сарватмандтарин кишвари минтақа табдил шудааст ва баъд аз ду сол раёсати Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро низ бар дӯш хоҳад дошт. Дар Узбакистон бошад, баръакс, сатҳи зиндагии мардум сол то сол поин меравад ва дар ҳамин ҳол САҲА аз поймолшавии ҳуқуқи башар дар ин кишвар изҳори нигаронӣ мекунад.
Зимнан, ягона созмоне, ки ҳоло кишварҳои минтақа дар чаҳорчӯби он ҳамкорӣ мекунанд, Созмони ҳамкориҳои Шонҳой аст – ба ин созмон Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Русияву Чин шомиланд.
Як рӯз баъд аз анҷоми сафари расмии Ислом Каримов ба Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зимни ифтитоҳи Форуми равонаи хабарии Авросиё дар Алматӣ хостори ба роҳ мондани арзи ягонаи минтақавӣ шуд. Пешниҳоди Назарбоев дар бораи таъсиси Иттиҳоди кишварҳои Осиёи марказиро ахиран раиси Иҷлосияи 62-ми Маҷмаъаи кулли СММ ҷонибдорӣ кард.
Намояндаи Македония Сиргҷан Карим зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки “пешниҳоди Назарбоев ҷолиб аст, зеро барои кишварҳои узв имкони рушди озодонаро фароҳам меоварад”.
XS
SM
MD
LG