Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили Сандуқи байнулмилалии пул бо Бонки миллии Тоҷикистон боиси қатъ шудани фаъъолияти созмонҳои молии кишварҳои ёрирасон бо мо нашудааст.

Ин нуктаро Фаррух Ҳамралиев, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон изҳор намуд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, баҳси СБП дар кори сармоягузории хориҷии Тоҷикистон асароти манфӣ хоҳад гузошт, аммо на ҳамонгунае, ки бархе аз созмону бонкҳои байнулмилалӣ пешбинӣ мекунанд: «Албатта, як андоза таъсир дорад. Аммо, бояд бигӯям, ки ҳамкории мо бо ҳама созмон ва бонкҳои молӣ мисли қабл идома мекунад. Ҳоло Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии Рушд низ лоиҳаҳои худро татбиқ менамоянд ва нийяти қатъи фаъъолияти худро надоранд».
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки ба сармоягузорӣ дар риштаҳои энержӣ, коркарди пахта, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин рушди ҷаҳонгардӣ дар кишвар таваҷҷуҳи бештар медиҳанд ва талош хоҳанд кард, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоъӣ барои ҷалби бештари сармоя ба ин бахшҳоро фароҳам созанд. Ф. Ҳамралиев мегӯяд: «Барои муҳайё кардани шароити мусоъид ба сармоягузорӣ ва системаи бақайдгирӣ кумитаи мо бо Кумиссиюни Аврупо ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамкорӣ дорад ва мехоҳад, ки кори сармоягузоронро осон кунад. Ҳамчунин дар мавриди додани имтиёзҳо ба сармоягузорон низ талош дорем».
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан бархе аз намояндагони Бонки аврупоии бозсохт ва тавсиъа (БАБТ) аз фазои номусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори ташвиш карданд. Шӯрои директирони ин бонк, ки аз кишвар боздид анҷом медод, гуфтааст, агар давлати Тоҷикистон дар амри беҳбуд бахшидани сармоягузорӣ талош наварзад, сармоягузории онҳо низ афзоиш нахоҳад ёфт.
Коршиносон низ бар ин назаранд, ки Тоҷикистон замонати саҳми саромоягузор дар кишвари худро намедиҳад. Онҳо ба гунаи мисол қазияи мудири ширкати «M&P» ё «Орима» Маъруф Орифовро меоранд, ки дар иҷрои тарҳи он низ БАБТ саҳм дошт ва ҳоло наметавонад сармояи худро бозпас гирад.
Ҳамчунин, ба эътиқоди бисёре аз таҳлилгарон, вуҷуди густурдаи фасод дар ниҳодҳои давлатӣ, мушкилоти низоми бонкӣ, мустақил набудани додгоҳҳо ва таҳти назорати афроди алоҳида қарор доштани фишангҳои аслии иқтисодӣ дар ин кишвар аз сабабҳои аслии камтаваҷҷуҳии сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ ба иқтисоди Тоҷикистон будааст. Ба ҳар ҳол, Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудудан 109 миллион доллар сармоя ба кишвар ворид шудааст ва ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 73 миллион доллар бештар аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG