Пайвандҳои дастрасӣ

"Рӯзи наслкушӣ" дар Арманистон


Имрӯз Арманистон солгарди, ба қавли онҳо, наслкушии арманиҳо аз ҷониби туркони усмонӣ таҷлил шуд. Арманистон куштори ҷамъии соли 1915-ро чун геносид ё наслкушӣ арзёбӣ мекунад. Туркия ин иттиҳомотро ҳамеша рад кардааст. Ва ҳамин баҳс як садди муҳиме дар равобити дипломатии миёни ду кишвар боқӣ мемонад. Дар суханроние бахшида ба ин сана дар Ереван, президенти нави Арманистон Серж Саркисян гуфт, ки алорағмаи мухолифатҳои Туркия, кишвари вай пайваста талош хоҳад кард, то ки наслкушии арманиҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф шавад. Беш аз 20 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Олмон, Фаронса ва Канада ҳодисаҳои он солҳоро чун геносиди арманиҳо эътироф кардаанд.
XS
SM
MD
LG