Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Минск аз ИМ барои коҳиши навбатии ҳайати сафорат


Беларус бори дигар аз ИМА хост, ки шумори кормандони сафораташро дар Минск коҳиш диҳад. Чунин даъвати вазорати хориҷа дар шароити тавсеаёбии таниши дипломатии миёни ду кишвар дар робита бо танқидҳо аз поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Беларус садо дод. Вазорат гуфт, ки аз сафири Амрико хост тавсияномаи вазоратро роҷеъ ба коҳиши дуҷонибаи ҳузури дипломатии ҳарду кишвар дар Минск ва Вашингтон дастрас кунад. Сафорати ИМА гуфт, ки ба таври ҷудогона барояшон иҷозаи ҳузури танҳо панҷ нафар дар сафорат дода шудааст.
XS
SM
MD
LG