Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ дар бораи фактори хатарзо дар Абхозистон


Раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ гуфт, ки вай барои табдили нирӯҳои посдори сулҳи Русия бо нирӯҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон аз Ғарб тақозои кӯмак хоҳад кард. Саакашвилӣ дар мулоқот бо сафирони хориҷӣ гуфт, ки нирӯҳои посдори сулҳи Русия дар Абхозистон чун "як фактори хатарзо" хизмат мекунанд:

"Ман мехоҳам таъкид кунам, ки Гурҷистон ҳеҷ як иқдомеро, ки ба сулҳу суботи минтақа таҳдид мекунад, нахоҳад гирифт. Аммо имрӯз контингенти Русия ва рафтори Русия дар рӯзҳои охир ба як фактори хатарзо дар ин минтақаи низоъ табдил шудааст"

Русия нирӯҳои посдори сулҳашро ба Абхозистон соли 1994 фиристод, ки як бахше аз масъулиятҳои миёнҷигиаш дар хатми низои ҳудудан дусолаи миёни Гурҷистону Абхозистон арзёбӣ мешуд. Ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин амр дод, ки Маскав бо ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ равобити наздики иҷтимоиву иқтисодӣ барпо кунад. Аммо Гурҷистон ин амали Русияро чун талоше барои пайвастани ин ду минтақа ба қаламрави Русия маҳкум мекунад.

XS
SM
MD
LG