Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бердимуҳаммадов: Январ - январ аст, на Туркманбошӣ


Моҳи апрел ё январ ҳамакнун дар Туркманистон айнан ҳамингуна садо хоҳад дод. Имрӯз чунин қарорро раиси ҷумҳурии ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзо кард ва амри раҳбари пешини ин кишвар Сафармурод Ниёзовро, ки соли 2003 тақвими миллиро иваз карда буд, бекор кард. Тибқи хости Ниёзов, он замон моҳи январ бо ифодаи "Падари туркманҳо", яъне Туркманбошӣ сабт шуда, моҳи апрел бо исми модари раиси ҷумҳурӣ ва моҳи сентябр бо исми "Рӯҳнома" ёд мешуд. Инчунин рӯзҳои ҳафта низ бо хости Ниёзов тағйир ёфта буд. Бозгашт ба тақвим ва рӯзҳои ҳафтаи анъанавӣ яке дигар аз иқдомҳои раиси ҷумҳурии кунунии Туркманистон дар самти боло бурдани обурӯи кишвараш дар чашми ғарбиҳо гуфта мешавад. Баъди соли 2007 сари қудрат омаданаш, оқои Бердимуҳаммадов талош кард баъзе монеҳову маҳдудиятҳо ва тағйироти ҷорикардаи раҳбари пешини ин кишварро бекор кунад. Аз ҷумла, ҳунари операву балет ва сирк дубора барқарор шуда, мардум ба шабакаи интернет дастрасии бештар пайдо карданд.
XS
SM
MD
LG