Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушксолӣ ва мушкили кишоварзони Суғд


Кишоварзони вилояти Суғд бар ин боваранд, ки камбуди об эҳтимол қисмате аз киштаи онҳоро нобуд созад.

Ҳудуди 60 %-и заминҳои корами ин вилоят тавассути насосҳо аз обҳои зеризаминӣ ва рӯди Сир обёрӣ мешавад. Аммо дар ин рӯзҳои айни мавсими обёрӣ насосҳои обкашӣ ҳанӯз ба кори муттасил дароварда нашудааст.
Абдураҳмон Ҳалимов, як сокини деҳаи Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имрӯзҳо ҳатто кишти замини наздиҳавлигии онҳо аз об маҳрум мондааст. «Насосе, ки ба хоҷагии мо аз рӯди Сир об мекашад, ҳанӯз ба кор дароварда нашудааст», - мегӯяд ӯ. Ҳамдеҳаи ӯ Мирзоҳамид Солиев мегӯяд, ба як гектар замини иҷора пиёз коридааст, аммо ба бардоштани ҳосили дилхоҳ аз он хушбин нест: «Донаи киштаи мо зери хок хушк шуда истодааст. Об нест. Давуғеҷ карда, бо мошин об медиҳем. Каме ҳам бошад, киштамона нигаҳ дорем».
Мусоҳиби мо афзуд, ки сокинони деҳоти ноҳияи Ғафуров беш аз 5 моҳ мешавад дар хонаҳои худ чароғи фурӯзонро ҳам надидаанд.
Имрӯзҳо кишоварзони манотиқи дигари вилоят: Конибодому Ашт, Зафарободу Спитамен ва Мастчоҳу Исфара ҳам ба ин гуна мушкили беобӣ ва бебарқӣ гирифторанд . Рӯзибой Махсумов, як рӯзноманигор ва коршиноси масоъили кишоварзӣ, мегӯяд , имрӯзҳо дар бисёр хоҷагиҳои пахтакори вилоят, ки аз оби насос истифода мекунанд, чигити пахта ҳанӯз аз хок сар назадааст. Ба гуфтаи вай, имсол аз норасоии об сабзиши пахта ақиб афтидааст.
Дар ҳамин ҳол, Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, сабаби фаъъол нашудани насосҳои обкаширо нарасидани барқ едонард: «Вилояти Суғд аз рӯи меъёри тақсими барқ дар Тоҷикистон дар ин шабонарӯзҳо ҳудуди 6 миллион киловатт/соат нерӯи барқ мегирад. Аммо барои ба кор даровардани тамоми насосҳои обкашии вилоят, бе ҳисоби бахши саноат ва аҳолӣ, 10 миллион киловатт/соат барқ лозим мешавад». Ӯ ҳамчунин гуфт, ки сатҳи об дар обанборҳои Норак ва Қайроқум аз мизон поин рафта, тавлиди барқи ин нерӯгоҳҳоро коҳиш додааст. Ба гуфтаи вай, имрӯзҳо аз 6 агрегати нерӯгоҳи обии барқи Қайроқум феълан танҳо дутоаш фаъъол аст ва дар як шабонарӯз ҳудуди 2 миллион киловатт/соат истеҳсол мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати вилояти Суғд имсол роҳҳои халосӣ аз хушксоливу гуруснагиро дар кишти пурраи заминҳои корам ва афзудани заминҳои дубаҳра дидааст.
Ба бовари коршиносон, мушкили асосӣ ин аст, ки қисмати умдаи заминҳои қобили кишти вилоят тавассути барқ ва насосҳои обкаш обёрӣ мешавад ва хушксоливу бебарқӣ дастрасии кишоварзонро ба об сангин кардааст.
Бо ин вуҷуд, кишоварзони Суғд имсол дар замини хеле зиёд аз порсола кишт кардаанд, аммо ба сабаби норасоии об ва беборишӣ оё ҳама киштаашон сабз хоҳад шуд? Ва ин ҳам суъолест, ки имрӯзҳо кишоварзони ба ташвиш овардааст.
XS
SM
MD
LG