Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки СММ ба Тоҷикистон барои муқобила бо малахҳо


Раҳбарияти бахши СММ дар умури кӯмакҳои башардӯстона тасмим гирифт, ки ба Тоҷикистон барои муқобила бо хатари афзояндаи ҳамлаи малахҳо дар 18 навоҳии Тоҷикистон ҳудудан ним миллион доллар маблағ ихтисос диҳад. Ин маблағҳо аз ҳисоби Бунёди марказии вокунишҳои изтирории Милали Муттаҳид тахсис меёбад. Дар иттилоияи Дафтари рушди СММ дар Душанбе гуфта шудааст, ки маблағҳои мазкур барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии малахҳо дар майдонҳои кишти бештар, аз ҷумла ба хотири роҳ надодани тавсеаи ин марази ҷиддии кишоварзӣ ба ҷумҳуриҳои ҳамсояи Афғонистону Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон масраф хоҳад шуд. Элизабет Бирс, сухангӯи дафтари ҳамоҳангкунандаи кӯмакҳои СММ дар Женева дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт:

"Дар муроҷиати СММ 500 ҳазор доллар барои пӯшиши хароҷоти харидории пеститсидҳову таҷҳизот ба хотири муқобила бо паҳншавии малахҳо дархост шудааст. Ва агар ин маблағҳо то охири моҳи апрел ба кишвар ворид нашавад, шояд имконияти ҷилавгирӣ аз ин офат аз даст равад. Маблағҳои мазкур пеш аз ҳама ба хотири таъмини амнияти ғизо равона мешавад. Малахҳо ҳосилро хароб карда, инчунин ба амнияти ғизоии сокинони кишвар таҳдид мекунад".

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки то имрӯз 91,000 гектар қаламрави кишвар аз ҳамлаи малахҳо зарар дидааст.
XS
SM
MD
LG