Пайвандҳои дастрасӣ

Паёмҳои президент -- дастурҳои бенатиҷа


Ҳафтаномаи «Азия-плюс» дар арафаи паёми навбатии солонаи раисҷумҳур Эмомалии Раҳмон ба порлумони Тоҷикистон навиштааст, дастурҳои асосии раисҷумҳур, ки солҳои пешин садо дода буданд, амалӣ нашудаанд. Барои мисол, соли 2004 раисҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки мавонеъи бюрократӣ рушди соҳибкориро дар кишвар боздошта, бойиси афзойиши фасоду ришват шудаанд, аз ин хотир, бояд решакан шаванд. Нашрия менависад, тайи солҳои ахир дар ин ҷода беҳбуде ба назар нарасидааст. Ва соли 2005 раисҷумҳур ҷиҳати коҳиш додани қарзи деҳқонон пеши фючеристон ба бонкҳо дастур дода буд, ки қарзҳои имтиёзнок диҳанд. Ҳафтанома менависад, тайи ду сол ин дастур иҷро нашуд ва ҳоло деҳқонони пахтакори Тоҷикистон пеши сармоягузоронашон 500 млн доллар қарздоранд. Ҳамчунин бо гузашти як сол аз оғози Стратегияи коҳиши фақр тайи солҳои 2007 – 2009 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2015 ягон иттилоъе дар даст нест, ки чӣ пешрафте ба вуҷуд омадааст.

«Лӯхтакҳои гилин» - унвони сармақолаи ҳафтаномаи «Фараж» аст, ки матлаби ҳафтаномаи «Нигоҳ» ва дигар нашрияҳои Тоҷикистонро дар мавриди ҳаводиси моҳи феврали Ғарм таҳлил кардааст. Ҳафтанома даъвоҳои Мирзохӯҷа Аҳмадов, сарвари шӯъбаи мубориза бар ҷароими муташаккили ноҳияи Ғармро, ки дар расонаҳо худро бегуноҳ мешуморад ва ҳодисаи Ғармро тавтеъаи марказ алайҳи собиқ размандагони мухолифин мешуморад, такзиб мекунад. Муаллифи матлаб навиштааст, гурӯҳи Аҳмадов дидаву дониста ба нерӯҳои зудамал ё ОМОН-и вазорати умури дохила ҳуҷум кардааст, ки бар асари он фармондеҳи ОМОН Олег Захарченко кушта шудааст.

«Фараж» ҳамчунин посухи ҷонибдори Раҳматулло Зойиров, райиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба Саидҷафъар Исмонов, райиси ҷиноҳи саввуми Ҳизби демократро нашр кардааст. Муаллиф матлаб гуфтааст, оқои Исмонов қушиши ғасби курсии райисии Ҳизби демократи Тоҷикистонро дорад. Ҳол он ки ҳизб низ моликият ба шумор меравад ва ин кушиш масъулияти қонунӣ дорад. Муаллиф ақидаҳои Исмоновро ангезандаи ҳисси бадбинӣ дар ҷомеа ва талоши зӯргӯиву "роҳнамоӣ" ба ҳизби дигар ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон мешуморад. Вай мегӯяд, агар Зойиров бо сабаби дар Узбакистон зода шуданаш масъули сиёсатҳои барои тоҷикон мушкилофарини Тошканд дониста шавад, метавон гуфт, ки аз рӯи ҳамин мантиқ Исмонов бо зода шуданаш дар Тоҷикистон масъули бӯҳрони иқтисодӣ, фасоди густарда сарсонии ҷавонон ва бебарқию беобӣ дар мамлакат аст.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар як пурсиши ҳамагонӣ суоли «Агар ҳафтаи оянда интихоботи парлумонӣ дойир гардад, Шумо ба тарафдории кадоме аз ҳизбҳо овоз медод?»-ро ба миён гузоштааст. 51%-и пурсидашудагон муқобили ҳама, 19,7% ба Ҳизби халқӣ-демократӣ, 8,4% ба Ҳизби наҳзати исломӣ, 7,8% ба Ҳизби сотсиал-демократ, 5,8% ба Ҳизби демократ, 4% ба Ҳизби коммунист ва 1 дарсадӣ ба аҳзоби боқимондаи Тоҷикистон раъй додаанд.

Ҳамчунин «Нигоҳ» дар матлабе таҳти унвони «Ман розиам ба марг маҳкум шавам» ба нашри тафсилоти зиндагиномаи Ғаффор Мирзоев, собиқ райиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва ҳоло маҳкумшуда ба ҳабси абад оғоз кардааст.

«Озодагон» посухи як салафии тоҷикро ба мусоҳибаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки салафияи Тоҷикистонро барномаи хадамоти хориҷӣ ҷиҳати тазъифи ислом ва тафриқаагензии миёни мусалмонони кишвар арзёбӣ карда буд, нашр кардааст. Аз ҷумла, муаллифи посух он нуктаҳои мусоҳибаи оқои Тӯраҷонзодаро, ки гуфтааст: касе дар Тоҷикистон ёд надорад, ки салафиҳо зидди баста шудани масҷидҳо садо баланд карда бошанд, ё духтарҳои моро ба сабабҳои доштани рӯймол аз дарсҳо пеш мекарданд, ё аз донишгоҳ ихроҷ мекарданд, сукут варзидаанд», такзиб карда гуфтааст, ки дар Тоҷикистон ягон масҷиди қонунӣ баста нашуда, ё дар мактабҳо духтарони сатрпӯшро касе расман манъи таҳсил накардааст.
XS
SM
MD
LG