Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Буш бо подшоҳи Урдун


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Даблю Буш, маъракаи дурӯзаи марбут ба сулҳи Ховари Миёнаро бо дидори подшоҳи Урдун, Малик Абдуллоҳ оғоз кард. Ҷузъиёти ин мулоқот нашр нашудааст, вале сафорати Урдун дар Вошингтон мегӯяд, ду раҳбар дар қатори масъалаҳои дигар, гуфтушуниди фаластинӣ ва исроилиҳоро низ баҳс хоҳанд кард. Рӯзи панҷшанбе, қарор аст, Буш бо раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос, гуфтушунид намояд. Моҳи оянда Буш ба Ховари Миёна сафар хоҳад кард, то дар ҷашни 60-солагии таъсиси давлати Исроил ширкат кунад. Буш умедвор аст, ки то поёни раёсаташ дар моҳи январи соли оянда ба созиши миёни фаластиниҳо ва Исроил даст ёбад.
XS
SM
MD
LG