Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноамнӣ дар Афғонистон хосияти маҳаллӣ дорад


Фармондеҳии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон мегӯяд, аксари ҳамлаҳои ошӯбгарона танҳо дар чоряки Афғонистон дар ҷануб ва шарқи он ба амал меоянд. Сухангӯи ин нерӯҳо дар Кобул, Марк Лойтӣ гуфт, дар қиёс ба ду соли пеш ин ҳамлаҳо бештар шудаанд, вале сабаб дар он аст, ки нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ҳуҷуми худро ба онҳо афзоиш додаанд. Шӯрои амнияти Созмони Милал дар гузориши ахири худ бо нигаронӣ аз афзоиши фаъолиятҳои ошӯбгарона ва террористӣ дар Афғонистон гуфтааст, бар асари онҳо 8 000 нафар кушта шуд. Ҳарчанд бахши умдаи қурбониён мусаллаҳони ошӯбгар будаанд, 1 500 нафари онҳоро афроди осоишта ташкил додаанд.
XS
SM
MD
LG