Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии бӯҳрони байни Гурҷистон ва Русия дар Шӯрои Амният


Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар ҷаласае паси дарҳои баста бӯҳрони ахири миёни Гурҷистону Русия баррасӣ кард. Гурҷистон Русияро ба суқути ҳавопаймои бехалабонаш дар фазои Абхозистон айбдор мекунад. Русия мегӯяд, ин ҳавопаймо аз тарафи мусаллаҳони Абхозистон суқут дода шудааст. Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, ба вазири умури берунаи Гурҷистон, Давид Баркадзе гуфт, кишвараш ба таври комил аз истиқлолияти Гурҷистон пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG