Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мегӯяд, ба ҳамаи суолҳо посух додааст


Вазири умури хориҷии Эрон мегӯяд, кишвараш ба ҳамаи суолҳои Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон посух додааст. Изҳороти Манучеҳри Муттакӣ баъд аз баёнияи намояндаи ин бунгоҳ садо дод, ки гуфтааст, Теҳрон изҳори омодагӣ кард, ба даъвоҳои онки бо омӯзиши роҳҳои бунёди бомби ҳастаӣ машғул аст, посух бидиҳад. Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ гуфт, чунин тавофуқ дар гуфтушуниди миён ноиби раиси он, Оллӣ Ҳейнонен ва мақомоти расмии Эрон ин ҳафта дар Теҳрон ба даст омад. Аммо Муттакӣ гуфт, Эрон ба ҳамаи пурсишҳо ва гумонҳо посух додааст ва парвандаи ҳастаии Эрон дигар тарҳи вижаи бунгоҳ намебошад. Эрон пойфишорӣ мекунад, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи сулҳомез дорад.
XS
SM
MD
LG