Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавсияи Роберт Гейтс ба Ҷорҷ Буш


Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Роберт Гейтс имрӯз тавсия додааст, то фармондеҳи олии нерӯҳои Амрико дар Ироқ Дейвид Петреус раҳбари ситоди марказии фармондеҳӣ таъйин шавад. Ин ситод масъули иҷрои амалиётҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна аст. Тавсияи Роберт Гейтсро раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида пас аз баррасӣ ба Сенати Амрико мефиристад. Дар сурати ризоияти Сенат, Дейвид Петреус адмирал Вилям Фаллонро иваз хоҳад кард, ки ӯ моҳи март аз мақомаш истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG