Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чингиз Айтматов 80-сола шуд


Раисҷумҳури кишвар Қ. Боқиев адиб Чингиз Айтматовро табрик мекунад

Раисҷумҳури кишвар Қ. Боқиев адиб Чингиз Айтматовро табрик мекунад

Ба ин муносибат дар шаҳри Бишкек ва соири вилоятҳои Қирғизистон оид ба осори ин нависандаи маъруфи қирғиз нишасту анҷуманҳои илмӣ баргузор мешаванд.

Шубҳае нест, ки шумо низ аз эҷодиёти ин нависандаи бузург огаҳ ҳастед. Вале боз ҳам биёед якҷо саре занем ба шахсияти Чингиз Айтматов ва осори гаронбаҳои ӯ, ки ҳанӯз ҳам мавриди таваҷҷуҳи хонандагон дар тамоми сайёра қарор гирифтааст.
Чингиз Айтматов дар деҳаи Шакар, воқеъ дар вилояти имрӯзаи Талас, ба дунё омадааст. Гуфта мешавад, ки нависанда Айтматов ба арсаи адабиёт солҳои 50-уми қарни гузашта ворид шудааст. Яке аз асарҳои оламшумули Чингиз Айтматов қиссаи «Ҷамила» мебошад, ки соли 1958 таълиф шудааст. Дар баробари навиштаҳои дигари Чингиз Айтматов қиссаи марғуби ӯ «Муаллими нахустин», ки дар соли 1962 ба табъ расид, обрӯву эътибори нависандаро дар миёни мухлисони осори насрии нимаи дуввуми асри ХХ боз ҳам афзуд.
Роман, қисса ва ҳикояҳои нависандаи мумтоз «Алвидоъ, Гулсарӣ», «Абрҳои сефеди Чингизхон», «Кӯдакии ман», «Зеркунда», «Таврои Кассандра», «Фарёди шикорчӣ дар варта», «Рӯзе баробар ба қарн», «Замини модарон», «Заврақи сафед» Чингиз Айтматовро ба адиби оламиён табдил додаанд.
Аммо ба гуфтаи худи ӯ, Чингиз Айтматов фаъъолияти адабиашро дар даврони Ҷанги Бузурги Ватании зидди фашизм шурӯъ кардааст. Чингиз Айтматов мегӯяд, ки ҳанӯз дар 14-солагӣ котиби Шӯрои қишлоқ буд ва баъд аз адои ҷанг ба адабиёти калон рӯй овард.
Солҳои ахир Чингиз Айтматов сафири мухтор ва фавқулодаи Қирғизистон дар Белжик буд.

Имрӯзҳо дар тамоми Қирғизистон аз 80-умин солгарди Чингиз Айтматов таҷлил мешавад. Яке аз чунин маҳфилҳо ахиран дар Донишгоҳи байнулмилалии «Манас»-и шаҳри Бишкек баргузор шуд.
Олимони фозилон ва адибони кишвар соҳибҷашн Чингиз Айтматовро ба муносибати 80-умин солгарди таваллудаш шодбош гуфтанд.
Чингиз Айтматов дар суханронии худ иброз дошт, ки аз нимаи дувуми қарни бист то имрӯз ончунин дигаргуниҳои куллӣ рух дод, ки аслан ҳеч кас мунтазир набуд.
Султон Раев, вазири фарҳанг ва иттилоъоти Қирғизистон, ҳангоми суханронии худ, аз ҷумла, мутазаккир шуд, ки Ч. Айтматов фақат ифтихори мардуми кишвараш нест, балки дар саросари олам ин адибро медонанду осорашро бо завқ мехонанд.
Дар ҳамин ҳол нишасту маҳфилҳои адабӣ бахшида ба 80-солагии адиби маъруф Чингиз Айтматов дар саросари Қирғизистон идома дорад.
XS
SM
MD
LG