Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯҳои нав доир ба тарҳи кӯҳна


Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ имрӯз гуфтугӯҳо доир ба бунёди лӯлаи газеро оғоз карданд, ки дар сурати бунёд гази Туркманистонро аз тариқи қаламрави Афғонистон ба Ҳинду Покистон мерасонад. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон Муҳаммад Содиқ гуфт, вазирони нафт ва дигар мақомоти марбута тайи ду рӯз доир ба ин тарҳ дар шаҳри Исломобод гуфтӯгу хоҳанд кард. Тарҳи лӯлаи тақрибан 1700 километрӣ аз соли 1990 инҷониб баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG