Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Бародаӣ мунтазири посухҳои Эрон аст


Муҳаммад Ал- Бародаӣ - мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, аз омодагии Эрон ҷиҳати посух додан ба суолҳои нав доир ба барномаҳои атомиаш истиқбол кардааст. Эрон гуфтааст, ҳозир аст, бо созмони мазкур иддаъоҳо доир ба саъйи пинҳонии Эрон ҷиҳати омӯхтани роҳҳои сохти бомби атомиро баррасӣ кунад. Муҳаммад Ал- Бародаӣ имрӯз дар шаҳри Сараево гуфт, Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ умедвор аст, ки Эрон то охири моҳи май ба суолҳои матраҳшуда посух хоҳад дод. Ҳамин ҳафта ҳукумати Эрон мувофиқат кард, ки бо оҷонси мазкур барои таҳқиқи ин гуфта ҳамкорӣ мекунад. Пештар аз ин ҳукумати Эрон иддаъоҳои ёдшударо, ки хадамоти иттилоотии Амрико пешниҳод кардааст, “сохта” номида буд.

XS
SM
MD
LG