Пайвандҳои дастрасӣ

Таърихи ҳаракати Толибон ва масоъили дохилии он


Замоне ки ҷунбиши Толибон дар соли 1994 дар Афғонистон зуҳур кард, аксарияти аъзои он донишҷӯёни ҷавони донандаи «Қуръон» ва шогирдони садҳо мадрасаҳои урдӯгоҳҳои муҳоҷирони ағфон дар Покистон буданд.

Рон Зиновитз

Аксарияти аъзои Толибон асосан аз қавми пашту ва он ҷавононе буданд, ки ба гуфтаи Барнет Рубин, таҳлилгари маъруфи масоили Афғонистон, ҳангоми таҷовузи шӯравӣ дар урдӯгоҳҳои муҳоҷирини афғон дар Покистон таввалуд ва ё бузург шудаанд.
14 сол баъд раҳбарияти Толибон ва пайравони онҳо акнун иборат аз донишҷӯёни ҷавон нестанд, зеро ин созмони тундрав ба як шабакаи гурӯҳҳои мухталиф ва афроди алоҳидае тадбил ёфтааст ва як созмони воҳид ҳам нест.
Толибон, дар воқеъ, созмони бумии афғонӣ ва ё афғону покистонӣ мебошад, ки дар зарфи 20 сол ташаккул ёфтааст, ки дар ин муддат миллионҳо нафар муҳоҷирони афғон дар Покистон буданд. Ягон ҷои таҳсили дастрас барои онҳо мадрасаҳои асосан манотиқи қабиланишини Покистон буд. Созмон аз ҳисоби ҳамин афрод ташкил шуд ва, аслан, ҳадафҳои маҳаллӣ дошт.
Аммо раҳбари рӯҳонии Толибон Мулло Муҳаммад Умар на ҷавон, балки солманд аст. Ӯ соли 1959 дар як оилаи қашшоқи рустое дар наздикии Қандаҳор ба дунё омадааст. Мулло Умар аз қабилаи Ҳутак аст, ки як ҳалқаи қавми паштуҳои Ғилзай ба ҳисоб меравад. Мулло Умар баъдан муллои рустои Меванди Қандаҳор мешавад ва дар солҳои 1989 – 1992 бар зидди режими коммунистии Наҷибуллоҳ меҷангад. Вай ин замон узви Ҳизби Исломии Муҳаммад Юнус Холис буд, ки дар Покистон қароргоҳ дошт ва пулу кумакҳои кишварҳои ғарбиро ба воситаи Хадамоти ҷосусии Покистон ба даст меовард.
Ва қавми Ғилзайи Мулло Умар душмани таърихии қабилаи Дурронӣ, яъне қабилаи авлодони Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, мебошад. Антонио Густоззӣ таҳлилгари Донишгоҳи Иқтисодии Ландан, ки пас аз ҳамлаҳои терористии соли 2001 дар Амрико таҳаввули гурӯҳи Толибонро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, ки ҳоло наметавон ин гурӯҳро хосси кадом қабила ва ё қавм номид: «Ман онро асосан як шабакаи мазҳабие медонам, ки ба ҳаракати сиёсӣ мубаддал шудааст. Ва сипас бо тавсиъаи ҳамкорӣ бо шабакаҳои мазҳабӣ тадриҷан аз ин фаротар рафта, бо ҷомиъа ва бозигарони сиёсии маҳаллӣ эътилоф ташкид кардааст. Роҳе, ки созмон таъсис ёфт, ҳанӯз ҳам муҳим аст ва он ҳоло ҳам шабакаест, ки бар муносиботи хусусии миёни раҳбарон ва мардум дар сатҳи маҳаллӣ асос ёфтааст. Толибон сохтори мустаҳками созмонеро надоранд. Мулло Умар раҳбари худкома набуда, ғолибан фарди миёнрав дар миёни раҳбарони гуногун аст, ки дар робита ба шеваҳои ҷанг, бурдани музокирот ихтилофоти назар доранд».
Дар китоби нави худ таҳти унвони “Қуръон, Калашников ва Лаптоп. Ошӯбҳои нави Толибон дар Афғонистон” Антонио Густозӣ менависад, ки чи гуна раҳбарони Толибон шеваҳои ҷанг ва сохтори созмонро тағйир дода ва ба шароити тағйирёбандаи сиёсии Афғонистон мувофиқ карданд. Ҳарчанд ба гуфтаи Антонио Густозӣ раҳбарони Толибон ҳамон фармондеҳони қадимиашон ҳастанд, аммо ҳоло онҳо саъй доранд, то дар мақоми раҳбариашон аз ҷомеаҳову қавмҳои мухталиф нафаре дошта бошанд, то ҳавзаҳои мухталифро намояндагӣ кунанд.
Таҳлилҳоитозабаёнгарионанд, киҳолоТолибонкӯшишдорад, бароианҷомибомбгузориҳоимаргталабоннаслиҷавонроҷалб созанд.
Дар ҳамин ҳол, Пол Фиштейн мудири Гурӯҳи мутолиъотӣ ва арзёбии Афғонистон, ки дар Кобул қароргоҳ дорад, мегӯяд, таркиби демографии гурӯҳи Толибон ҳоло хеле печида аст ва пажӯҳишгарони хориҷӣ рақобату душманиҳо ва ҳадафҳои қавмҳои алоҳидаро ба дурустӣ дарк намекунанд, ки ин печидагиҳо ҳам ба оташи ҷангҳои Толибон дар Афғонистон «ҳезум меандозад».
Ба бовари ӯ, дар онҷо гурӯҳҳои ниҳоят бисёре ҳастанд, ки ё кинаҳои шахсӣ, ё хусумати сиёсӣ доранд ва ё воқиъан бо истифода аз беқонуниву бенизомӣ дар кишвар фоида ба даст меоранд.
XS
SM
MD
LG