Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргириҳои тоза дар Бағдод


Низомиёни Амрико мегӯянд, ки шаби гузашта дар маҳаллаҳои шиъанишини Бағдод 15 нафар фарди мусаллаҳро куштаанд. Дар ин маҳаллаҳо даргирӣ миёни шибҳанизомиёни вафодор ба рӯҳонии шиъамазҳаб Муқтадо Садр ва нерӯҳои амниятӣ ҳафтаҳо давом кардааст. Шаби гузашта даргириҳо дигарбора дар маҳалли Ҳусейния воқеъ дар шимоли шаҳраки Садр шурӯъ шуд. Пулис мегӯяд, нерӯҳои Амрико ва Ироқ бо ҳимояти чархболҳо то субҳи имрӯз ба зидди шибҳанизомиёне, ки дар ин минтақа тасаллут доштанд, ҷангиданд. Пас аз амри нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал Моликӣ барои саркӯбии Артиши Меҳдии Муқтадо Садр, аз моҳи гузашта то кунун садҳо нафар дар шаҳраки Садр кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG