Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интерпол дар ҷустуҷӯи Маҳмуд Худойбердиев


Додситонии Хатлон мегӯяд, аз ин ба баъд сарҳанги исёнгар Маҳмуд Худойбердиевро Интерпол, Пулиси байнулмилалӣ, хоҳад ҷуст

- Чаро дар хиёбони марказии шаҳри Қурғонтеппа акси полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев овехта шудааст?
- Прокурори Хатлон намедонад, ки феълан Худойбердиев дар куҷо ба сар мебарад ва наметавонад иддаои прокурори генералиро, ки гуфтааст, ин cарҳанги исёнгар дар қаламрави Узбекистон бо артиши худ ба сар мебарад, тасдиқ ё такзиб кунад…
- Маҳмуд Худойбердиев бо ҳизби, ба иддаои мақомоти прокуратура, террористии мавсум ба «Тоҷикистони озод» чӣ иртибот дорад?
- Чаро раҳбари зиндонии ҳизби террористӣ эълоншудаи «Тоҷикистони озод» дар ҳама бадбахтиҳои худ Худойбердиевро муттаҳам мекунад?
- Оё Худойбердиев дар воқеъ дар ҳодисаҳои соли 2005-уми Узбекистон даст дорад?
- Агар Худойбердиев дар Узбекистон аст, он ҷо чи кор мекунад ва чаро давлати ин кишвар намехоҳад як чунин нафареро, ки дар Тоҷикистон дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва хиёнат ба ватан муттаҳам дониста мешавад, ба Душанбе таслим кунад?
- Оё кафолат ҳаст, ки гурӯҳи Худойбердиев дигарбора ба Тоҷикистон ҳамла намекунад?
Худойбердиев – дар пайгарди байнулмилалӣ
Додситонии вилояти Хатлон далели нави марбут ба парвандаи Маҳмуд Худойбердиев, собиқ сарҳанги шӯришии тоҷикро барои расонаҳои хабарӣ ироъа кард. Фозилҷон Охунов, додситони Хатлон, охири ҳафтаи сипаришуда дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ахиран Маҳмуд Худойбердиев дар пайгарди байнулмилалии Қонунӣ эълон шудааст. Ҷаноби Охунов афзуд, Интерпол аз додситонии вилояти Хатлон таҚозо намудааст, ҳама маълумоти марбут ба корномаи Маҳмуд Худойбердиевро ба забонҳои арабӣ ва русӣ тарҷума карда ва ба дасти ин ниҳоди байнулмилалии интизомӣ супорад. Зимнан Интерпол, ки Тоҷикистон низ шомили он асту Шералӣ Сабзов, собиқ сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон ва албатта, нафаре, ки бо парвандаи Худойбердиев натанҳо аз рӯйи коғаз ошност, раҳбари намояндагии он дар Тоҷикистон мебошад, масъулият бар дӯш гирифтааст, ки сарҳанги шӯриширо дар қаламрави кишварҳои узви Интерпол ҷустуҷӯ намуда ва дар ҳоли дарёфти ӯ, масъалаи истирдодашро ба Тоҷикистон дар миён гузорад.
Дар ҳоле ки Маҳмуд Худойбердиев таййи 10 соли ахир дар пайгарди қонунӣ ва акнун дар кофтуковӣ байнулмилалӣ қарор дорад, дасти кам дар се соли ахир акси барҷастаи ӯ дар хиёбони марказии Қурғонтеппа, шаҳре, ки дар он Худойбердиев ҳамчун як низомии пурқудрат ташаккул ёфтаву дар солҳои 90-ум раҳбарии яке аз воҳидҳои низомиро ба зимма дошт ва, ба гуфти маҚомот, нахустин тахрибкориҳояш аз ин шаҳр сар зада буд, овехта шудааст. Аммо акси калонҳаҷму намоёни ӯ дар миёни чанд акси дигари хурдҳаҷми афроде, ки ҷустуҷӯ мешаванд, рӯйи лавҳае дар рӯ ба рӯйи театри ба номи Ато Муҳаммадҷонову назди бинои ШКД-и Қурғонтеппа нашр шуда ва аз шаҳрвандон дархост гардидааст, ҳар маълумоте, ки оид ба ин сарҳанги шӯришӣ дар ихтиёр доранд, ба мақомот ироа бикунанд.
Фозилҷон Охунов гуфт, намедонад феълан Худойбердиев дар куҷо ба сар мебарад ва наметавонад шойиъаҳо дар мавриди дар қаламрави Узбакистон ба сар бурдани Худойбердиевро тасдиқ ё такзиб бикунад…
Маҳмуд дар Узбакистон аст?
Мақомоти расмии Тоҷикистон дар чанд соли пеш изҳорот дода буданд, ки Маҳмуд Худойбердиев бо артиши худ дар Қаламрави Узбакистон паноҳ мебарад ва эҳтимол, аз пуштибонии ниҳодҳои қудратии ин кишвар бархурдор аст. Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар як нишасти хабарияш дар моҳи июли соли 2007 гуфта буд, ки Тоҷикистон борҳо аз Узбакистон тақозои истирдоди сарҳанги фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев ва пайравону ҳамдастони ӯро кардааст, аммо Узбакистон ба ин дархости мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ вокуниш нишон намедиҳад. Ҷаноби Бобохонов дар ин робита гуфта буд: «Пас аз воқеаҳои соли 1998 қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамроҳи Маҳмуд Худойбердиев сарҳади Тоҷикистонро убур карда, то имрӯз дар ҳудуди Узбакистон сару кор доранд ва зиндагонӣ мекунанд. Ин ягон сирри махфӣ нест. Лекин то имрӯз ягон ҷинояткореро, ки ҳамроҳ бо Маҳмуд Худойбердиев буд, ягон нафарашона маҚомоти Тошканд ба Душанбе таслим накардаанд, ҳарчанд ҳазорҳо бор таҚозо намудаем, дар пайгарди қонунӣ қарор додаем онҳоро, аммо ягон натиҷаи мусбат нест. Аммо он нафароне, ки худсарона омада дар Тоҷикистон даст ба ҷинояту одамкушӣ мезананд, ҳатман боздошт ва муҷозот мешаванд. Шумори дар ин робита дастгиршудаҳо низ зиёд аст».
Ва аммо мақомоти расмии Узбакистон воқеияти ин далелро, ки гӯиё Маҳмуд Худойбердиев бо гурӯҳи худ дар ҳудиди ин кишвар зиндагӣ доранд, инкор мекунанд. Акнун Душанбеи расмӣ умед дорад, ки пас аз дар кофтукови байнулмилалӣ эълон кардани Худойбердиев ва дар ин кор ҷалб шудани Интерпол, эҳтимоли боздошти Худойбердиев афзуда ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистон кори берун аз имкон нахоҳад буд. Дар ҳоле ки Узбакистон низ узви Интерпол аст, наметавонад тақозоҳои Тоҷикистонро дар мавриди боздошт ва бозгардони ӯ ба Тоҷикистон радд бикунад.
Дар ҳамин ҳол, дар сафорати Узбакистон дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки дар чаҳорчӯби Интерпол, ки ҳарду кишвар узви ин ниҳоди байнулмилалӣ ҳастанд, мақомоти зирабти Узбакистон дар ҷустуҷӯ ва боздошти Маҳмуд Худойбердиев мусоъидат хоҳанд кард, албатта, агар далели дар қаламрави Узбакистон ба сар бурдани сарҳанги собиқи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон исбот шавад.
Худойбердиев ва робитаи ӯ бо ҳизби «Тоҷикистони озод»
Дар моҳи октябри соли 2007 Додситони кулли Тоҷикистон. сарҳанги шӯришии тоҷик М. Худойбердиевро узви як ҳизби номнависнашудаи террористӣ эълом дошт. Бобохонов афзуд, Худойбердиев дар рӯйдодҳои моҳи майи соли 2005-и Узбакистон низ даст доштааст: «Фирқаи низомии Маҳмуд Худойбердиев бо ҳама мусаллаҳонаш то имрӯз дар Қаламрави Узбакистон будубош дорад. ӯ лидери ташаккули ҷиноӣ мебошад, садҳо ҳазор сокини ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон аз дасти ин гурӯҳи ҷиноӣ ранҷ мебаранд. Магар ҳодисаҳои соли 2005-и Узбакистонро фаромӯш кардед? Ин ҳам кори дасти Маҳмуд Худойбердиев аст. Беҳтар ин аст, ки ба масоили ҳассоси сиёсии вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Узбакистон мудохила накунем…»
Додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев узви Ҳизби «Тоҷикистони озод» мебошад, ки дар қаламрави кишвар ин ҳизб бо ҳукми Додгоҳи олӣ яке аз 11 созмони террористӣ маҳсуб мешавад. Ин баёнияи додситонӣ барои расонаҳои хабарӣ ғайримунтазира ва нав буд.
Суъоли дигар ин буд, ки Маҳмуд Худойбердиев бо ҳизби, ба иддаъои додситонӣ, террористии «Тоҷикистони озод» чи иртибот дорад? Ва ин ҳам дар ҳоле ки раиси ин созмон Яраш Қурбонов, як узбактабори тоҷикистонӣ, ки феълан дар яке аз зиндонҳои Узбакистон нигаҳдорӣ мешавад, шинохта шудааст.
Баҳодур Ҳомидов, сардори раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳимми додситонии кулл, дар шарҳи иддаъои Б. Бобохонов гуфт: «4-уми ноябри соли 1998, агар ёд доред, гурӯҳи мусаллаҳи Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд ҳамла карда, барои муҳлати муайян баъзе ниҳодҳои маъмуриро забт карда буданд. Баъдан, аз номи ҳизби «Тоҷикистони озод» изҳороти сиёсӣ дода ва даст доштани худ дар он ҳодисаҳоро иқрор карданд. Мо чанд узви ин созмонро бозпурсӣ намудем, он замон «Тоҷикистони озод»-ро Абдуллоҷонов раҳбарӣ менамуд ва Маҳмуд Худойбердиев ҳам аз номи ҳамин ҳизб баромад мекард. Аз ин рӯ «Тоҷикистони озод» ҳизби террористӣ унвон шудааст дар Тоҷикистон».
Ва аммо дар як косети аудиоӣ, ки соли 2006 гӯиё аз сӯи раиси ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони озод» Яраш Қурбонов аз зиндони шаҳри Қаршии Узбакистон берун омадааст, ҷаноби Қурбонов мегӯяд, ҳизби вай бо Маҳмуд Худойбердиев ҳеҷ иртибот надорад. Порае аз ин муроҷиъатномаи ӯ ба дасти радиои «Озодӣ» расидааст ба ин мазмун: «…Ба касофати исёни Маҳмуд Худойбердиев, баъд аз моҳи августи соли 1997, ҳазорҳо нафар узви гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ ва хонаводаи онҳо ба Узбакистон маҷбур шуданд фирор бикунанд. Аммо баъдан, вақте дарк кардем, ки ҳадафи аслии Маҳмуд Худойбердиев чист ва талаби ҳамла ба шимоли Тоҷикистонро рад намудам, маро мавриди шиканҷа қарор доданд ва бо айбҳои сохта равонаи зиндон карданд…»
Гуфтанист, «Тоҷикистони озод» аз шумули 11 созмони дигарест, ки террористӣ унвон шуда ва фаъъолияташон дар ҳудуди Тоҷикистон мамнӯъ шудаанд. «Ал-Қоъида», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Таййиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамъияти таблиғ», «Ташкилоти динии миссионерӣ», «Созмони таблиғот», «Даъват ба ислом» ва «Ҳизбуттаҳрир» созмонҳоеанд, ки бо ҳукми Додгоҳи олӣ дар Қаламрави Тоҷикистон ҳамчун террористию экстримистӣ эътироф шудааст.
Ва аммо коршиносон вуҷуди созмонҳои аввалияи ин ташкилотҳоро дар Тоҷикистон зери суъол мебаранд. Созмонҳоеро бо номи «Тоҷикистони озод», «Лашкари Таййиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти исломии Покистон» феълан дар Тоҷикистон тақрибан намешиносанд ва аз хатари онҳо ба амнияти кишвар пай намебаранд.
Маҳмуд – озод, пайравонаш –маҳбус
Додситонии кулли Тоҷикистон ҷиноётеро, ки сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ва гурӯҳи ӯ дар Қаламрави Тоҷикистон содир кардаанд, сангин мешуморад ва додгоҳҳои кишвар низ ба аъзо ва пайравони ӯ муҷозоти шадид таъйин мекунад. Айни замон дар вилояти Хатлон дастикам 30 нафар аз пайравони сарҳанг М. Худойбердиев дар пайгарди қонунӣ қарор доранд ва беш аз 10 сокини ин минтақа танҳо дар 2 соли ахир бо ҳамин ҷурм равонаи зиндон шудаанд.
Гуфта мешавад, пас аз ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи М. Худойбердиев ба шимоли Тоҷикистон, дар моҳи ноябри соли 1998, ки беш аз 100 нафар қурбонӣ дар пай дошт, наздик ба 200 узви гурӯҳи ин сарҳанги шӯришӣ дар Тоҷикистон ба муҷозот кашида шуданд, аз ҷумла то мутаваққиф шудани иҷрои ҳукми қатл дар кишвар, беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон ба қатл маҳкум гардидаанд. Аз он миён, ҳамин ахиран додситонии вилояти Хатлон таҳқиқи парвандаи боз як узви гурӯҳи муташаккили марбут ба Худойбердиевро ба анҷом расонида ва ба додгоҳи маҳаллӣ ирсол карда буд. Мақомоти додситонӣ Саид Қодировро баъд аз 8 соли дар пайгарди қонунӣ қарор доштанаш, боздошт намуда ва ӯро дар силсилаи амалиёти тахрибкорӣ дар Қурғонтеппа муттаҳам кардааст.
Муфаттишони додситонӣ даст доштани нафари муттаҳамро дар таркишҳои назди бинои раёсати умури дохилаи Хатлон, шуъбаи умури дохилаи Қурғонтеппа, фирқаи таъйиноти махсуси ВКД, мустақар дар ноҳияи Бохтар, собит кардаанд. Ин инфиҷорҳо ҳамагӣ дар шаби 2-вум ба 3-вуми ноябри соли 1998 дар шаҳри Қурғонтеппа рух додаанд. Дар сурати дар додгоҳ исбот шудани гуноҳи Саид Қодиров, ӯро ҷазои то 20 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи моликияташ интизор аст. Яке аз пайвандони нафари муттаҳам ба шарти ифшо нашудани исму насабаш ба расонаҳо гуфтааст, Саид Қодиров яке аз даҳҳо ҷавонмардонест, ки ба истилоҳ, «асир»-и найрангҳо ва таъқибу фишори силоҳбадастони Маҳмуд Худойбердиев шудааст.
То ин замон дар Қурғонтеппа шумори афзуни пайравони Маҳмуд Худойбердиев мавриди боздошт қарор гирифтаанд, чун сарҳанги исёнгар дар гузашта дар ин маҳал будубош мекард ва фирқаи низомии ӯ аслан аз сокинони ин минтақа иборат будааст. Ба эътиқоди коршиносони маҳаллӣ, баъд аз фирори Худойбердиев ба хориҷ аз кишвар, чандин пайрави ӯ бо дарки иштибоҳи худ ба ватан баргаштанд, аммо аз сӯи мақомот ҳамоно ба зиндон кашида шуданд. Як журналисти маҳаллӣ мегӯяд: «Шахсан шоҳид будам, ки пайравони Маҳмуд Худойбердиев баъд аз бозгашт ба минтақа дар назди мақомот қоил шуданд, ки пуштибони ақоиди ин сарҳанги исёнгар нестанд. Онҳо дар гузашта ба ин андеша, ки Худойбердиев раҳбари як қисми низомии давлатист ва барои барқарор кардани давлати қонунӣ ба ӯ ҳамроҳ шудаанд. Ва, ҳамин тавр, фирефтаи Худойбердиев шуда, ба табаддулоти низомии солҳои 1997-1998 кашида шуданд».
Ёдрас мекунем, собиқ сарҳанги нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Маҳмуд Худойбердиев дар арафаи имзои созишномаи сулҳи кишвар, дар соли 1997 ва дертар, тирамоҳи соли 1998, ба канораи Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ҳамла карда буд. То ҳанӯз афроде бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Худойбердиев дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир суоли матраҳ дар маҳофили соҳибназарону коршиносони тоҷик ин аст, ки оё Маҳмуд Худойбердиев аслан зиндаву саломат ҳаст, агар ҳа, пас амнияти шаҳрвандонро аз ҳамлаи дигарбораи гурӯҳи Худойбердиев ба Тоҷикистон мақомот кафолат дода метавонанд? Агар Худойбердиев дар Узбакистон аст, он ҷо чӣ кор мекунад ва чаро давлати ин кишвар намехоҳад як чунин нафареро, ки дар Тоҷикистон дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва хиёнат ба ватан муттаҳам дониста мешавад, ба Душанбе таслим кунад?
Оё чаро Тоҷикистон ахиран аз Интерпол, Пулиси байнулмилалӣ, хостааст, барои боздошти Худойбердиев расидагӣ кунад? Магар ин андешаи коршиносон ҷон дорад, ки мегӯянд, эҳтимоли ҳамлаи дигарбораи Худойбердиев ба Тоҷикистон дар миён ҳаст, бавижа дар ин шабу рӯзҳое, ки ҳукумати кишвар дар қиболи болоравии бесобиқаи нарху наво ва хатари гуруснагиву норасоии ғизо аксуаламали муассире нишон дода наметавонад ва то ҷое рейтинги худро аз даст додааст…
То ҳанӯз касе ба ин cаволҳо ҷавоби саҳеҳу дилпурона надодааст…
XS
SM
MD
LG