Пайвандҳои дастрасӣ

Нафт боз гаронтар шуд


Қимати нафт имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ боз ҳам боло рафта, барои ҳар бушка, яъне бештар аз 200 литр 120 долларро ташкил дод. Нархи нафт бинобар талаботи афзоянда ба он дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Чин ва нигарониҳо аз халалдор шудани арзаи он ба бозор аз соли 2002 то кунун панҷ маротиба гаронтар шудааст. Доллари амрикоӣ, ки заъифтар мешавад, як сабаби дигари афзоиши қимати нафт аст, зеро нафт дар бозори ҷаҳонӣ асосан бо доллар хариду фурӯш мешавад.
XS
SM
MD
LG