Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳолии Тоҷикистон аз газ маҳрум шудааст


Ширкати воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" иттилоъ дод, ки бо сабаби афзоиши қарзи Тоҷикистон аз Узбакистон барои мӯҳлати номуайян интиқоли газ ба манзили шаҳрвандон қатъ шудааст. Ноиби аввали раиси ин ширкат Шавкат Шоимов гуфтааст, ҳарчанд интиқоли газ ба Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллион метри мукааб зиёдтар буд, қарзи аҳолӣ аз истифодаи газ наздик ба 38 миллион долларро ташкил медиҳад. Вай қарзи ширкати "Барқи тоҷик"-ро аз истифодаи газ 6 миллиону 700 000 доллар номид.
XS
SM
MD
LG