Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия Озарбойҷонро мушкилофарин номид


Русия Озарбойҷонро айбдор кард, ки бесабаб ба интиқоли таҷҳизоти нерӯгоҳи Бушери Эрон мумониат мекунад. Ширкати русии "Атомстройэкспорт" гуфтааст, мақомоти Озарбойҷон ду ҳафта ба ин сӯ ин маводро боздоштаанд ва мушкилтарошӣ мекунанд. Намояндаи ҳукумати Озарбойҷон имрӯз гуфт, барои интиқоли ин таҷҳизот иҷозаи махсуси ҳукумат зарур аст. "Атомстройэкспорт" мегӯяд, қаблан бозрасии маводро мехостанд, то бубинанд, ки он ба таҳримҳои Созмони Милал муғойират надорад ва чунин бозрасӣ ба иҷро расид.
XS
SM
MD
LG