Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав хостори тафтиши ҷиддии низоъ дар Кант шуд


Мақомоти Русия ба Қирғизистон пешниҳод карданд, ки сабабҳои захмдор шудани як низомии пойгоҳи ҳавоии Кант аз сӯи гурӯҳи муштарак тафтиш шавад. Шаби 19 апрел кормандони пулиси Қирғизистон дар шаҳри Кант чанд низомии русро боздошт карданд ва зимни бархурд як низомӣ ҷароҳат бардошт. Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Қирғизистон, гурӯҳи низомиёни масту мадҳуши рус қоидаи ҳаракати роҳро вайрон кардаанд ва аммо ба талаби кормандони пулис барои манъи мошин итоат накарда ҳангоми боздошт ба онҳо муқобилат нишон доданд. Намояндаи сафорати Русия дар Бишкек изҳор кард, ки "тибқи қарордоди дуҷониба низомиёни рус набояд дар қаламрави Қирғизистон мавриди боздошт, ҳабс ва кофтукоб қарор гиранд".

XS
SM
MD
LG