Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Минск мухолифинро ба додгоҳ мекашад


Имрӯз бо ҳукми додгоҳ Андрей Ким, яке аз фаъолони мухолифини белорус барои яку ним сол равонаи зиндон шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, додгоҳ ӯро дар ҳамла ба кормандони милиса ҳангоми намоиши эътирозии соҳибкорон айбдор донист. Ҳафт ширкаткунандаи дигари ин намоиш, ки зимистони соли равон баргузор шуда буд, шартан ба ду соли маҳбас маҳкум шуданд. Ду муҷрими дигар бояд бо ҳукми додгоҳ ҷарима пардохт кунанд.

Мухолифини белорус мегӯянд, ки ҳукми додгоҳ ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG