Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Моликӣ аз кишварҳои ҳамсоя интиқод кард


Нурӣ Ал-Моликӣ имрӯз аз кишварҳои ҳамсоя интиқод кард, ки барои пуштибонӣ аз Ироқ заҳмати кофӣ ба харҷ намедиҳанд. Сарвазири Ироқ аз ҳамсояҳо хост, ки аз вуруди афроди мусаллаҳ ба Ироқ ҷилавгирӣ кунанд. Ал-Моликӣ дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Ироқ дар Кувайт ҳамчунин гуфт, ки кишвараш аз конфаронсҳои қаблии кумак ба Ироқ суди зиёде набардоштааст. Ҳамзамон сарвазири Ироқ аз фаъолияти ҳукумат ситоиш кард ва гуфт, бар асари талошҳои таъмини суботи миллӣ бисёр ихтилофу бӯҳронҳо дар кишвар паси сар шудаанд.

Нурӣ Ал-Моликӣ ҳамчунин аз кишварҳои минтақа хостори лағви 67 миллиард доллар қарзи аз замони қудрати Саддом Ҳусейн боқимонда ва боло бурдани мақоми намояндагиҳои дипломатияшон дар Бағдод шуд. Дар нишасти Кувайт Кондализа Райс, Котиби давлатии ИМА ширкат дорад ва интизор меравад, ки ӯ мамолики арабро барои тақвияти равобити дипломатӣ бо Ироқ ва кумаки молӣ ба ин кишвар мутмаин созад.
XS
SM
MD
LG