Пайвандҳои дастрасӣ

Далай-Лама - шаҳрванди фахрии Париж


Шаҳрдории Париж тасмим гирифт, ки ба Далай-Лама, раҳбари рӯҳонии буддоиҳои Тибет унвони шаҳрванди фахрӣ дода шавад. Мири Париж Бертран Делано изҳор кард, ки ба ин васила пойтахти Фаронса мехоҳад ба “чемпиони сулҳ” арҷ гузорад. Раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ дар талоши аз байн бурдани таниш бо Пекин баъд аз талоши халалдор кардани ҳаракати машъали олимпӣ дар Париж изҳор намуд, ки ба ин тасмими шаҳрдорӣ мухолиф аст. Вазорати хориҷаи Чин имрӯз қарори шаҳрдории Парижро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG