Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати шаш корманди полис дар Қандаҳор


Бар асари як ҳамлаи мусаллаҳони Толибон ба гузаргоҳи марзӣ дар вилояти Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби кишвар шаш корманди полис кушта шуданд. Фармондеҳи неруҳои пулис дар марз Раҳматулло Хон ба хабаргузориҳо гуфт, ки ин ҳодиса бегаҳи рӯзи душанбе ба вуқуъ пайваст. Дар як ҳамлаи дигар дар ин вилоят як сарбози неруҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО кушта ва се низомии дигар маҷрӯҳ шуданд.

Полиси Афғонистон ҳамчунин хабар дод, ки дирӯз афроди ношиноси мусаллаҳ дар роҳи миёни Ҳирот ва Кобул ду роҳсози ҳиндӣ ва ронандаи таксиро гаравгон гирифтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG