Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон устоди Толибонро аз ҳабс озод кард


Мақомоти расмӣ мегӯянд, Покистон як раҳбари тарафдори Толибонро аз ҳасб озод кард, ки ҳазорон нафарро бар зидди нерӯҳои амрикоӣ ба Афғонистон фиристодааст. Ҳукумати Покистон дар бораи озодии Сӯфӣ Муҳаммад аз зиндон иттилоъе намедиҳад, вале нозирон мегӯянд, эҳтимолан ҳукумат мехоҳад ӯро дар талошҳои сулҳ бо ситезаҷӯёни водии Сувоти Покистон истифода кунанд. Сӯфӣ Муҳаммад писари раҳбари ҳарбии мусаллаҳони ин водӣ, Мавлоно Фазлуллоҳ мебошад, ки Таҳрики Нифози Шариъаро таъсис дода, ҳазорон наврасро ба ҷанги зидди амрикоиён мефиристад, ки дар соли 2001 шогирдони ӯ -- Толибонро аз қудраст рондаанд.
XS
SM
MD
LG