Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати Далай Лама ба ҳукумати Амрико


Раҳбари маънавии тибетиҳо, Далай Лама, аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида хост, ба беҳбуди авзоъ дар Тибет мусоидат кунад. Вай ин нуктаро пеш аз мулоқоташ бо ноиби вазири умури хориҷии Амрико Паула Добрянски дар Мичигон эълон дошт. Чин аз мулоқоти мақоми расмии Амрико бо Далай Лама интиқод кардааст ва раҳбари тибетиҳоро масъули нооромиҳои ахир дар Тибет медонад, ки бар асари онҳо 18 нафар кушта шудаанд. Раҳбарони фирории Тибет шумори кушташудагонро 150 нафар эълом доштаанд.
XS
SM
MD
LG