Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори AFC ба Тоҷикистон ва Узбакистон


Конфедерасюни футболи Осиё аз Тоҷикистон ва Узбакистон хостааст, ҳувияти як футболбоз -- Акмал Холматовро, ки дар давраҳои гуногун аз ҷониби ҳарду кишвар бозӣ кардааст, рӯшан кунанд. Ҳарчанд номи ӯ аз тарафи ду кишвар бо тафовути андак навишта шудааст, рӯзу соли таваллуд ва дигар маълумоти ӯ ҳамсон буда, Холматов ҳам дар дастаи Узбакистон дар лигаи қаҳрамонони Конфедерасюни футболи Осиё номнавси шудааст ва ҳам бо шиносномаи тоҷикӣ дар дастаи миллии Тоҷикистон бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ. Конфедерасюни футболи Осиё ҳушдор додааст, ки дар сурати ошкор шудани хилофкорӣ тарафҳо аз ширкат дар бозиҳо маҳрум шуда, аз онҳо ҷарима ситонида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG