Пайвандҳои дастрасӣ

Солана: ИА кумак ба Афғонистонро идома медиҳад


Ҳавиер Солана, масъули бахши сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо (ИА) гуфт, ки кишварҳои аврупоӣ кумаки густарда ба Афғонистонро идома хоҳанд дод. Имрӯз Ҳавиер Солана дар музокирот бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон аз комёбиҳои солҳои ахири кишвар, ба вижа, дар бахшҳои ҳифзи сиҳат ва маориф ситоиш кард. Дар ин мулоқот мавзӯъи омодагиҳо ба конфаронс оид ба кумаки байнулмилалӣ ба Афғонистон баррасӣ шуд, ки қарор аст 12 июн дар Париж баргузор гардад. Ҳомиди Карзай дар мулоқот бо Солана аз кумакҳои ИА ба Афғонистон изҳори сипос кардааст.
Гуфта мешавад, ки Ҳавиер Солана бо вакилони порлумони Афғонистон, фармондеҳони неруҳои эътилофи байнулмилалӣ ва фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон низ мулоқот хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG