Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия хостори равобит бо Арманистон шуд


Алӣ Бобоҷон, вазири хориҷаи Туркия изҳор намуд, ки кишвараш ба эътидоли авзоъ бо Арманистон манфиатдор аст. Ӯ гуфтааст, ки номаеро бо пешниҳоди шурӯъи музокирот ба ҳамтои армании худ ироа кардааст. Вокуниши Ереван ба ин пешниҳод алҳол маълум нест.
Туркия ва Арманистон равобити дипломатӣ надоранд ва марзҳои ду кишвар баста аст. Арманистон аз Анқара талаб дорад, ки қатли оми арманиҳо аз сӯи туркҳои Усмонӣ дар замони ҷанги якуми ҷаҳонро эътироф кунад. Ва аммо мақомоти Туркия изҳор кардаанд, ки кушташудагон қурбониёни ҷанганд ва теъдоди онҳо аз сӯи мақомоти Арманистон ба карат бузург нишон дода шудааст.

XS
SM
MD
LG