Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин қуръакашии мусобиқоти футболи Бозиҳои олимпии соли 2008 баргузор шуд.

Дар сабқати тимҳои мардона 16 дастаи мунтахаб ба 4 гурӯҳ тақсим шуданд. Дар гурӯҳи «А» Кот-д’Ивуар, Аргентина, Австралия ва Сербия, дар гурӯҳи «В» Ҳулланд, Нигерия, Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар гурӯҳи «С» Чин, Зеландияи Нав, Бразил ва Белгия ва дар гурӯҳи «D» Куриёи Ҷанубӣ, Камерун, Гондурас ва Итолиё шомил гардиданд.

Дар сабқати тимҳои занона 12 даста дар се гурӯҳ рақобат хоҳанд кард. Ба гурӯҳи «Е» Чин, Шветсия, Аргентина ва Канада, ба гурӯҳи «F» Куриёи Шимолӣ, Нигерия, Олмон ва Бразил, ба гурӯҳи «G» Норвегия, ИМА, Ҷопон ва Зеландияи Нав дохил шуданд.

XS
SM
MD
LG