Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти толибон дар ҷануби Афғонистон


Рӯзи гузашта дар задухурдҳо дар ҷануби Афғонистон 11 тан аз толибони кушта шуда, 5 сарбози неруҳои ҳукуматӣ ҷароҳат бардоштанд. Дар вилояти Ҳилманд неруҳои эътилоф ва низомиёни ҳукуматӣ бо гурӯҳи бузурги толибон вориди даргирӣ шуданд. Мавқеъҳои толибон аз сӯи ҳавопаймоҳои низомӣ бамборон гардид ва бар асари ин 7 ошубгар ба ҳалокат расиданд. Дар вилояти Қандаҳор мусаллаҳони толибон ба низомиёни ҳукуматӣ ҳамла карданд. Дар ин задухурд чаҳор тан аз толибон кушта шуданд. Дар вилояти Зобул бошад, бар асари таркиши майн 5 сарбози афғон ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG