Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон ҳомиёни ҳуқуқи башарро муҷозот кард


Додгоҳи Эрон ҳомии ҳуқуқи башар Насрин Афзалиро бо иттиҳоми халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ шартан ба 10 зарбаи тозиёна ва шаш моҳи маҳбас маҳкум кард. Хонум Афзалӣ моҳи марти соли гузашта дар як намоиши эътирозӣ дар Теҳрон боздошт шуда буд.

Барои ширкат дар ҳамин гуна намоиши эътирозӣ раҳбари ҳаракати дифоъ аз ҳуқуқи башар Марзия Муртазавӣ-Лангарудӣ низ шартан ба шаш моҳи зиндон маҳкум гардид.

XS
SM
MD
LG