Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Картер дар бораи мушкили ҳалли қазияи Ховари Миёна


Ҷиммӣ Картер, раиси ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида изҳор намуд, ки сарпечии Исроил ва Амрико аз мулоқот бо намояндагони гурӯҳи фаластинии ҲАМОС барои ҳалли қазияи Ховари Миёна мушкил эҷод кардааст. Ба гуфтаи Картер, ки миёнҷигарӣ дар ҳалли қазияи Ховари Миёнаро бар дӯш дорад, “ҷунбиши ҲАМОС омода аст ҳама гуна тарҳи созиши сулҳ бо Исроилро барои раъӣпурсӣ пешниҳод кунад”. Ҳафтаи гузашта Ҷиммӣ Картер дар Сурия бо раҳбарони ҷунбиши ҲАМОС музокирот анҷом дода буд.

XS
SM
MD
LG