Пайвандҳои дастрасӣ

Солана вориди Кобул шуд


Ҳавиер Солана, масъули бахши сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо имрӯз вориди Кобул шуд. Қарор аст, ки дар дидору гуфтугӯҳои ӯ бо мақомоти Афғонистон мавзӯъи омодагиҳо ба конфаронс оид ба кумаки байнулмилалӣ ба ин кишвар баррасӣ шавад. Нишаст 12 июн дар Париж баргузор хоҳад шуд. Ҳавиер Солана бо вакилони порлумони Афғонистон, фармондеҳони неруҳои эътилофи байнулмилалии таъмини субот дар Афғонистон ва фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид низ мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG