Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин бор аст, ки намояндаи ҳизби ҳокими Колорадо, ки аз соли 1947 ба ин сӯ мамлакатро идора мекунад, аз мансаби президентӣ маҳрум мегардад.

Ба натиҷаҳои пешакӣ, номзади мухолифин, исқуфи собиқи католик, Фернандо Луго дар интихоботи рӯзи 20 апрел беш аз 40 дарсади ройҳоро ба даст овард.

Намояндаи ҳизби ҳоким Бланку Олевар каме бештар аз 30 % райъ гирифтааст. Ҷаноби Олевар аллакай мағлубияти худро эътироф кардааст. Собиқ фармондеҳи аршади артиши Парагвай Лиино Овйедо 22 дар сади ороъро соҳиб шудааст.

66 дар сади соҳибони ҳаққи райъ дар интихобот иштирок кардаанд, ки ин болотарин чунин нишондод дар таърихи интихоботҳои Парагвай будааст.

Коршиносон мегӯянд, дар Парагйва бисёриҳо бар он андеша будаанд, ки барои пешрафтҳо дар самти мубориза бо фақр ва бекорӣ бояд раҳбарияти ҳукумат дигар карда шавад. Фернандо Луго ҷонибдори ислоҳот дар соҳаи заминдорӣ ва гуфтушунид бо Бразилия сари пружаҳои энержӣ мебошад. Ҷаноби Луго ба маснади раисҷумҳурӣ расман моҳи август хоҳад нишаст.

Парагвай кишварест дар Амрикои Ҷанубӣ, ки теъдоди зиёди фақирон дорад, бавижа дар деҳот. Дар ин кишвар умедҳои зиёде барои раҳоӣ аз фақрро дар пружаҳои энержӣ мебинанд.




XS
SM
MD
LG