Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби ёдбуди Ҷумъа Одина дар Маскав


22 апрели соли ҷорӣ шоми ёдбуди Ҷумъа Одина, нависандаи тоҷик, дар ҳошияи ҷашни бузургдошти 1150-солагии шоири форсизабон Абуабдуллоҳи Рудакӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҷумъа Одина аввалин нависандае буд, ки дар замони Шуравӣ аз сиёсати ҳизби Коммунист интиқод карда буд ва пас аз чопи китоби ӯ - «Гузашти айём» ин нависанда таҳти фишори раҳбарияти коммунисти давр қарор гирифт ва ҳамин фишору таҳқирҳо барои нависанда бо сактаи қалб анҷомид.

Муҳаммади Эгамзод, кордори бахши фарҳангии сафорати Тоҷикистон мегӯяд:

«Аслан, мӯҷиби манъ кардани чопи китоби «Гузашти айём» ва сухта нобуд кардани 14 ҳазор нусха ин китоб дар он аст, ки ҳизби довари замон, ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ба баъзе нуктаҳое, ки дар асари нависанда омадаанд, ишора намуда, аз он хоҳиш карда буданд, ки ҳамон замон аз онҳо даст кашад. Аммо нависанда, ки мехост дар ин бора ҳарф занад, истодагирӣ кард ва ҳамин тавр китоб чоп мешавад. Баъд аз он ки ин китоб бо қарори бюрои ҳизби коммунисти Тоҷикистон боз дошта мешавад ва нобуд мегардад, зиндагии Ҷумъа Одина ру ба сиёҳӣ меояд. Хонаводаи Ҷумъа Одина дар ҳамон солҳо аз Тоҷикистон ба Маскав куч мебанданд. Феълан хонаводаи Ҷумъа Одина, духтарон ва наберагони вай муқими шаҳри Маскав ҳастанд.»

Ин Шоми ёдбуд бо ибтикори ширкати «Таҷинфо»-и Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор мешавад. Қарор аст, дар он духтари нависанда Ҷумъа Одина ширкат ва аз ҳаёту фаъолияти падараш ҳикоят кунад. Муҳаммади Эгамзод ҳамчунин гуфт, дар ин шаби ёдбуд муаррифии китоби Ҳадиса Қурбон, ки ба ҳаёт ва фаъолияти нависанда бахшида шудааст, сурат хоҳад гирифт.

Ҳамчунин, дар шоми ёдбуди Ҷумъа Одина дар Кохи миллатҳои шаҳри Маскав филми мустанади Сайрам Бақозода ба намоиш гузошта хоҳад шуд. Ин филми мустанад ба ҳаёт ва фаъолияти Ҷумъа Одина ихтисос дорад.

XS
SM
MD
LG