Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як роҳхати олимпии Тоҷикистон


Виталий Корякин, намояндаи Тоҷикистон, дар нахустин мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи гуштии озод дар Швейтсария дар вазни то 60 кг ҷои севвумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гардид.

Вай нахуст бар ҳарифи худ Дидиер Пайс, аз Фаронса, дастболо шуд. Баъдан Георгий Букурро, аз Руминия, шикаст дод. Вале Виталий Корякин дар даври севвум аз Залимхон Ҳусейнови озарӣ мағлуб гардид. Сипас ӯ барои дарёфти мақоми севвум бар рақибаш Малказ Курдиании гурҷӣ ғолиб омад.

Бад-ин тартиб дар сабқати гуштигирони вазнашон то 60 кг, ки бо ширкати 28 паҳлавон аз 28 кишвари олам баргузор шуд, варзишгари Куба Мигуэл Рибарта Гуинтана ҷои аввалро касб кард. Залимхон Ҳусейнов ҷои дуввумро гирифт. Виталий Корякин ва Сайид Мурод Муҳаммадӣ, аз Эрон, ҷойҳои севвумро азони худ карданд.

Дар ин мусобиқа, инчунин, боз ду нафари дигар шарафи Тоҷикистонро ҳифз намуданд. Сиёвуш Навконов дар вазни то 55 кг байни 23 нафар дар ҷои 9-ум қарор гирифт. Вай дар даври аввал бар Валентин Попеску, аз Руминия, ғолиб омад. Вале дар даври дуввум аз Марсел Эвалди олмонӣ мағлуб гардид. Дар ин вазн Радослав Великови булғор соҳиби ҷои аввал шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Игнатий Андросов низ дар вазни то 66 кг байни 26 нафар ҷои 9-умро касб кард. Ӯ дар нахустин рақобати худ Феликс Мензели олмониро шикаст дод. Вале дар даври дуввум аз паҳлавони эронӣ Меҳдӣ Кирмонӣ мағлуб гардид. Паҳлавони эронӣ, ки бар ҳамаи рақибонаш пирӯзӣ ба даст овард, дар ин вазн ғолиб шуд.

Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин се варзишгар, ки дар Ёқутистони Русия ба сар мебаранд, инчунин, шаҳрвандони Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Бар асоси қарордод онҳо дар мусобиқоти байнулмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд. Воқеъан, пеш аз Виталий Корякин дар риштаи гуштии озод намояндаи Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов, ки дар Доғистони Русия ба сар мебарад, дар вазни то 84 кг ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шудааст.

Ҳамин тариқ, то имрӯз 11 варзишгари Тоҷикистон дар 6 риштаи варзиш соҳиби роҳхатҳои Бозиҳои олимпии Пекин гардидаанд.

Дуввумин мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи гуштии озод дар Лаҳистон баргузор мешавад. Чунин мусобиқот дар риштаи гуштии юнониву румӣ дар Итолиё ва Сербия доир хоҳад шуд.

Варзишгарони тоҷик дар риштаи гуштии дзюдо низ боз имкони ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ доранд. Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки 26-ум ва 27-уми апрел дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG