Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пайвандиҳои Эрону Тоҷикистон ва дурнамои он


Александр Князев, коршиноси руси муқими Бишкек тайи як таҳқиқ рӯйи стратегияи Эрон дар Осиёи Марказӣ, ки дар торнамои шахсиаш ва як қатор нашрияҳои интернетӣ нашр шудааст, мегӯяд, равобити ҷумҳурии исломӣ пеш ва беш аз ҳама бо Тоҷикистон танготанг аст ва ин равобит на фақат дар қаробати фарҳангиву забонии ду кишвар маҳдуд мешавад.

Князев мегӯяд, Эрон ҳамоно ба сиёсати расмии хориҷиаш, яъне содироти инқилоби исломӣ садоқат дорад ва дар Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин сиёсаташро пеш хоҳад бурд. Вай навиштааст, Эрон Тоҷикистонро қисмати сарзамини таърихии Эрони Бузург медонад ва то ба ҳол тавонистааст рӯйи фаъолиятҳои як қатор доираҳои ҳукуматӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъсиргузор бошад. Ӯ суханони раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро меорад, ки дар нишасти сарони кишварҳои порсигӯй дар Душанбе соли 2006 гуфта буд: «амнияти Тоҷикистону Афғонистон аз амнияти Эрон вобаста аст ва амнияти Эрон аз амнияти ин ду кишвар». Князев менависад, бо он вуҷуд ки Эрон он қадар дасти дароз надорад, аммо ҳузураш дар Тоҷикистон ба воқеият табдил ёфтааст ва ҳар қудрати даъвогари минтақаро лозим меояд бо Эрон дар Тоҷикистон ҳисобу китоб кунад.

«Деловая неделя», нашрияи чопи Қазоқистон таҳти унвони Эътилофи Ғарб дар Осиёи Марказӣ менависад, Амрико дар ин минтақа ҳузурашро тавассути Аврупо тақвият медиҳад. Коршиноси вошингтонии нашрия мегӯяд, кишварҳои соҳиби нафту газ – Туркманистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистон барои Аврупо афзалият доранд, аммо бо он вуҷуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар «дипломатияи лӯлаии» Ғарб вуҷуд надоранд, набояд фикр кард, ки онҳо фаромӯш шудаанд. Ба далели он ки дар Қирғизистон пойгоҳи низомии Амрико мустақар аст ва ҳамчунин пойгоҳро Вашингтон мехоҳад дар Тоҷикистон пайдо кунад, ин ду кишвар дар стратегияи амниятии Амрикову Аврупо нақши муҳим хоҳанд дошт.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи «Jamestown Foundation» ба баҳсҳои парлумони Қирғизистон мепардозад, ки ахиран вуҷуди пойгоҳи амрикоиро ба муҳити зисти ин кишвар зиёновар хонд. Нашрия навиштааст, бо он вуҷуд ки фаъолияти ин пойгоҳ дар расонаҳои минтақа пурра инъикос шудаанд, парлумони Қирғизистон ҳузури низомиёни амрикоиро таҳти суол мебарад. Нашрия инро ба ташдиди равобити Вашингтону Маскав рабт медиҳад, ки ахиран ба вуҷуд омадааст ва менависад, ба ин далел дар Қирғизистон, кишвари думрави Русия боз ҳамин гуна таҳоҷум ба ҳузури амрикоиён идома хоҳад дошт. Нашрия навиштааст, Вашингтонро мебояд ба иқдомоташ дар таҳкими амнияти Осиёи Марказӣ Русияро ҷалб кунад.

XS
SM
MD
LG